Пур кардани анкета

Маркази тамоси Taxsee

Taxsee — калонтарин маркази тамоси махсус дар Россия барои қабул ва коркарди фармоишҳои интиқоли мусофирон ва борҳо.

Филиалҳои марказҳои тамос дар шаҳрҳои Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Гурҷистон ва Тоҷикистон кушода шудаанд.

Таърих

Бо технологияҳо рушд меёбем

Маркази тамоси Taxsee аз хадамоти хурди диспетчерии хадамоти такси дар шаҳри Шадринск оғоз ёфт. Аз соли 2003 ширкат барои коркарди зудтарини фармоишҳо технологияҳоро меофарад, барномаи худии омӯзиш ва стандартҳои кориро такмил медиҳад, дар шаҳрҳо ва кишварҳои нав филиалҳоро мекушояд, самти фосилавиро рушд медиҳад.

Навгониҳо

Коркардҳои худии барномавиро мебарем

Taxsee барномаи беҳамтоеро офарид, ки барои ба пуррагӣ автоматикунонии раванди қабул ва коркарди фармоишҳо ва баландбардории самаранокии кор имконият фароҳам овард. Аз ҳамон лаҳза таъминоти барномавӣ мунтазам такмил меёбад. Имрӯз ин яке аз марказҳои тамоси пешрафтаи технологии Россия аст.

Арзишҳо

Дар даста кор мекунем

Операторон — дили Taxsee ва такяанд, ки аз онҳо муваффақияти ширкат вобастагӣ дорад. Маҳз барои ҳамин асоси кори маркази тамосро арзишҳои корпоративӣ ташкил медиҳанд. Мо нисбат ба кормандон ғамхорем ва кӯшиш менамоем, ки ҳар кадоми онҳо дар шароитҳои роҳат кор карда, ба ҳамдигар муносибати дӯстона дошта бошанд. Меҳнатро муносиб пардохт менамоем ва одамони ориятдорро ҳавасманд мегардонем. Мо дар як дастаем ва ҳамроҳ ба мақсад мерасем.

Роҳбарон

Светлана Пшеничная

Директори марказҳои иттилоотӣ — марказҳои коркарди махзани маълумотҳо

Дмитрий Халдеев

Роҳбари хадамоти сифат

Александра Рудакова

Мутахассиси пешбар оиди омӯзонидан ва рушди кормандон